«ХОМАИ СОЗАНДА-2021». Дар Суғд ғолибони озмуни вилоятӣ қадрдонӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 05.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 4 феврал дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази вилояти Суғд маросими қадршиносии ғолибони озмуни вилоятии «Хомаи созанда-2021″ баргузор гардид, ки 39 нафар кормандони воситаҳои ахбори омма бо диплому мукофотпулиҳо сарфароз гардонида шуданд. Дар ин бора корманди Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо кормандони воситаҳои ахбори омма изҳори қаноатмандӣ карда, иброз дошт, ки нақши рӯзноманигорон дар баррасиву ҳалли масоили гуногуни ҷомеа назаррас аст. Бо назардошти ин роҳбарияти вилоят бо кормандони ВАО ҳамкории хуб дошта, минбаъд низ барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум бо аҳли қалам ҳамкорӣ менамояд.
Ёдовар мешавем, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади дастгирии журналистон ва сари вақт хабардор кардани ҷомеа аз раванди рушду такомули соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, шарҳу тавзеҳи воқеъбинона, асосноки дигаргунсозӣ ва проблемаҳои дорои аҳамияти махсуси иҷтимоӣ, ҳамзамон ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба масъалаҳои ҳалталаб миёни журналистон барои беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони «Хомаи созанда-2021» озмун эълон намуда буд.
Дар натиҷа беш аз 60 нафар журналистон дар номинаҳои «Инъикоси дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (давоми 30 соли соҳибистиқлолии мамлакат)», «Масъалаҳои марбут ба рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Масъалаҳои марбут ба соҳаи саноат», «Масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ», «Муаррифии дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ (тавассути лавҳаҳои телевизионӣ ва интернетроликҳо)» маводи худро барои баррасӣ пешниҳод намуданд.
Оозмун аз ҷониби ҳакамон, ки ба ҳайати он намояндагони мақомоти давлатӣ ва журналистон дохил буданд, ҷамъбаст гардида, қарори дахлдор қабул карда шуд.
Дар асоси қарори ҳакамони озмун дар номинаҳои зикршуда 39 нафар кормандони воситаҳои ахбори омма бо диплому мукофотпулиҳо дар ҳаҷми аз 1500 то 6000 сомонӣ сарфароз гардонда шуданд.
Озмуни анъанавии «Хомаи созанда» бо дастгирии роҳбарияти вилоят аз соли 2014 инҷониб гузаронида шуда, соли равон маблағи умумии ҷоизаҳо 160 ҳазор сомониро ташкил дод.
АКС: Хадамоти матбуоти в. Суғд








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид






