Хонандагони синфҳои болоӣ бо шароити буду боши сарбозони Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 23.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 23 феврал бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар шаҳри Душанбе бахшида ба 29-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷиҳати шиносоӣ бо шароити буду боши хизматчиёни ҳарбӣ вохӯрӣ доир гардид. Дар ин бора мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Муслим Усмонзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён, Сармуҳаррири нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета» Маҳбуба Камолова, роҳбарияти қисми ҳарбӣ ва модарони хонандагон иштирок доштанд.
Хонандагон аз намоиши аслиҳа, хобгоҳ, хонаи маишӣ-фароғатӣ, нуқтаи тиббӣ, хонаи волидайн, ошхонаи сарбозон ва осорхонаи қисми ҳарбӣ дидан намуда, таассуроти нек бардоштанд.
Баъд аз дидорбинӣ дар маҷлисгоҳи қисми ҳарбӣ бо иштироки сарбозону афсарон ва хонандагон ҳамоиши идона бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардид.
Иброҳим Мирзозода тамоми сарбозону афсаронро бо 29-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, иброз дошт, ки ин дастоварди беназир тавассути сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал омада, бори дигар аз тавоноӣ ва қудрати азалии мардуми тоҷик дарак медиҳад.
Маҳбуба Камолова тамоми сарбозону ҳомиёни Ватанро бо ин ҷашни пуршукӯҳ табрик намуда зикр кард, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили амният, сулҳу субот ва пойдории истиқлолияти Ватани маҳбубамон ба ҳисоб мераванд. Артиши миллӣ дар иҷрои рисолати худ, яъне ҳифзи Модар-Ватан ва дифои манфиатҳои давлату миллат ҳамеша омода мебошад.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ А.Шоҳиён гуфт, ки таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини давлатдории тоҷикон дастоварди муҳим буда, он тӯли солҳо ба мактаби ҷасорату мардонагӣ табдил ёфт ва садҳо ҷавонони бонангу номуси Ватан, матиниродаву ҷасурро тарбия намуд.
Дар идомаи ҳамоиш ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намуди вазнбардорӣ, брус, турниккашӣ, шашка ва бандкашӣ бо диплом ва туҳфаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета» қадрдонӣ гардиданд.
Инчунин барои хизматҳои шоиста ба афсарону сарбозони Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Сипоснома ва ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Фирдавсӣ супорида шуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ барои афсарону сарбозони қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуда, барномаи фарҳангии ташкилоти ибтидоии «Борбад»-и Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хотири сарбозону иштирокдоронро шод намуд.
АКСҲО: шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Фирдавсӣ
















СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад






