Кӯлоб: Қисми даромади андозҳои маҳаллӣ 110,5% иҷро гардида, ба буҷет 105 млн 425 ҳазор сомонӣ ворид шуд
ДУШАНБЕ, 12.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 қисми даромади андозҳои маҳаллии шаҳри Кӯлоб 110,5% иҷро гардида, ба буҷет 105 млн 425 ҳазор сомонӣ ворид шуд, ки ин аз нақша 10 млн сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи андози ғайрибуҷетӣ 101% иҷро шуда, ба буҷет 30 млн 302 ҳазор сомонӣ ворид ва нафақаи 19 ҳазору 402 нафар нафақахӯрон пурра пардохт карда шуд.
Дар ин бора иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода зимни нишасти матбуотӣ, ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб доир шуд, иттилоъ дод.
Бахтиёр Назарзода афзуд, ки дар доираи амалишавии «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020 тасдиқ шудааст, ба ҳолати 1 январи соли 2022 40 лоиҳа бо маблағи 319,1 млн сомонӣ амалӣ гардида, дар 26 лоиҳа корҳо идома дошта, то имрӯз дар иҷрои ин лоиҳаҳо 176,7 млн сомонӣ аз худ карда шудааст. Рафти амалишавии лоиҳаҳои барномаи мазкур зери назорати доимӣ қарор дошта, бо иҷрои саривақтии онҳо аксари мушкилоти ҷойдошта бартараф мегарданд.
Инчунин дар нишаст зикр шуд, ки дар ин давра маблағҳои қарзии ҷудогардида аз ҷониби бонкҳо ва ташкилоти амонатии қарзии хурд 229,9 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 63,5 млн. сомонӣ зиёд аст. Қарзҳои додашуда ба соҳаи кишоварзӣ- 10,3 %, савдо- 38,4 %, саноат, сохтмон ва нақлиёт- 45,6 %, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ- 2,1 % ва муҳоҷирати меҳнатӣ- 3,6% рост меоянд.
Дар охир иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода изҳор дошт, ки сокинони фарҳангдӯсти шаҳр бо ҷонибдорӣ аз сиёсати Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои ҳадафҳои пешгирифта дар самти корҳои ободонию созандагии Ватан содиқона саъю талош мекунанд.
АКСҲО: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






