Кормандони ҷавони Кумитаи меъморӣ ва сохтмон барои таҳсил ва такмили ихтисос ба Русия сафарбар шуданд

Февраль 5, 2022 10:15

ДУШАНБЕ, 05.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тарбия ва омода кардани мутахассисони баландпоя ва ҷавон тадбирҳои муассир меандешад. Соли 2021 дар доираи ҳамкорӣ бо Вазорати сохтмони Федератсяи Русия 4 нафар кормандони ҷавони Кумита барои таҳсил ва такмили ихтисос ба Русия сафарбар карда шуданд,- чунин изҳори назар намуд  Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон  Маҳмадсаид Зувайдзода 4 феврал зимни нишасти матбуотии ин ниҳод.

Ба андешаи мавсуф, яке аз масъалаҳои асосии таҳияи Стратегияи рушди сохтмон- ин муайян кардани самтҳои асосии рушди соҳа ва роҳҳои ҳалли камбудиҳои ҷойдошта мебошад. Дар ин самт нақши мутахассисони баландихтисос хеле муассир мебошад.

М. Зувайдзода иброз дошт, ки кумита ба тайёр кардани мутахассисони касбҳои нави соҳа эътибори ҷиддӣ медиҳад. «Кумита барои рушди соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон, баланд бардоштани сатҳи меъмории миллӣ, таҳияи лоиҳаҳои замонавӣ бо истифода аз технологияи пешқадам, бо сатҳу сифати баланд бунёд намудани биною иншоот ва омодасозии кадрҳои баландихтисос дар назди худ вазифаҳои мушаххас гузошта,  ҷиҳати амалӣ намудани онҳо тадбир меандешад»,-афзуд дар идома.

Ёдовар бояд шуд, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни ироаи Паёми навбатӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»  доир ба масъалаҳои соҳа изҳор  намуданд, ки «Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти марбута ҳангоми таҳия ва татбиқи нақшаҳои генералии шаҳрҳо ва шаҳраку деҳоти мамлакат банақшагириву бунёди иншооти иҷтимоиву сайёҳӣ ва дигар иншоотро бо риояи ҳатмии қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмон, санъати баланди меъморӣ, истифодаи васеи унсурҳои меъмории милливу замонавӣ, технологияҳои муосир ва масолеҳи сифатноки сохтмон таъмин намоянд».

 АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 5, 2022 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт