Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ озмун эълон менамояд
ДУШАНБЕ, 2.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соли 2022 озмун эълон менамояд, хабар доданд аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Ҳадаф аз таъсиси Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ — ин қадршиносии хизматҳои шоистаи олимони ҷавон дар назди ҷомеа ва давлат, дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, баланд бардоштани лаёқати эҷодии олимони ҷавон ва рушду инкишофи иқтидори илмӣ, техникӣ, технологӣ ва инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Довталабони то 35-сола ҳуқуқи иштирок намудан дар озмунро доранд. Дар озмуни мазкур ба тадқиқоти илмие, ки ба инкишофи илмҳои бунёдӣ, гуманитарӣ, техникӣ, табиатшиносӣ ва тиб, коркард ва азхудкунии техника, мавод ва технологияи пешқадам, ки суръати афзоиш ва самаранокии пешрафти иқтисодиёту иқтидори мудофиавии мамлакатро мустаҳкам менамоянд, афзалият дода мешавад.
Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун бо суроғаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кўчаи академикҳо Раҷабовҳо аз 1 феврал то 1 майи соли 2022 сурат мегирад.
Ёдовар мешавем, ки ҳуҷҷатҳои нопурра ё қисман пешниҳодгардида ба озмун қабул карда намешаванд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






