М. Имомзода нақши устодони ДДҲБСТ-ро дар тарбияи мутахассисони соҳаҳои мухталиф назаррас арзёбӣ намуд
ДУШАНБЕ, 09.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода 8 феврал зимни боздид аз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ДДҲБСТ) нақши устодони ин донишгоҳро дар тарбия намудани мутахассисони соҳаҳои мухталиф назаррас арзёбӣ намуд.
Зимни боздид Вазири маориф ва илм М.Имомзода бо ҷараёни корҳои сохтмонии бинои иловагии таълимӣ ва маҷлисгоҳ барои 800 ҷойи нишаст, ки дар арафаи анҷомёбист, шинос шуд.
Корҳои таъмиру бунёдии бинои таълимии иловагӣ пурра иҷро гардида, дар фурсатҳои кӯтоҳ бо техникаву таҷҳизоти таълимӣ, аз қабили мизу курсӣ ва тахтаҳои электрониву дигар лавозимоти хониш таъмин карда мешавад. М. Имомзода ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дод.
Вазири маориф ва илми мамлакат ҳамчунин аз макони бунёди бинои истиқоматӣ барои кормандону омӯзгорон дидан кард.
Зимни суҳбат бо кормандону устодони донишгоҳ М. Имомзода иброз дошт, ки корҳои бунёдии бинои таълимиву маҷлисгоҳ ва бинои баландошёнаи истиқоматӣ барои устодону кормандон бояд тақвият ёбанд. Инчунин Вазири маориф ва илми мамлакат перомуни гузаштан ба таҳсилоти рақамӣ, ҷорӣ намудани ихтисосҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ, омӯзиши амиқи забонҳои хориҷӣ, ташкили марказҳои забономӯзӣ дар донишгоҳ ва тақвияти корҳои илмиву таҳқиқотӣ ибрози андеша кард.
М.Имомзода барои ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани раванди таҳсил ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо қарори Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1993 ба ҳайси макони тайёр кардани кадрҳо дар самтҳои ҳуқуқшиносӣ, идоракунӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ ва иқтисоди ҷаҳонӣ, соҳибкорӣ, молия, системаи ахборӣ таъсис ёфтааст.
Дар сохтори донишгоҳ 6 факултет, 3 бинои таълимӣ, 125 аудитория, 11 лабораторияи таълимӣ, Маркази омўзиши Аврупо ва забонҳо, парки технологӣ ва хобгоҳи замонавӣ мавҷуд аст.
АКСҲО: ДДҲБСТ












Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






