Маҷлиси умумии солонаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Қонунгузорӣ» доир гардид
ДУШАНБЕ, 05.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази миллии қонунгузорӣ маҷлиси умумии солонаи Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Қонунгузорӣ»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, хабар доданд ба мухбири АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилооти ҳуқуқӣ ва мураттабсозии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар маҷлиси умумии солонаи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ панҷ масъала вобаста ба ҷамъбасти фаъолияти Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Қонунгузорӣ”дар соли 2021, тасдиқи ҳайати нави гурӯҳи тарғиботии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Қонунгузорӣ”, баррасӣ ва тасдиқи нақшаи чорабиниҳои Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Қонунгузорӣ” дар соли 2022, баррасии аризаҳои кормандони марказ барои қабул ба сафи ҳизб ва музокирот дида шуданд.
Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Дилбар Абдураҳимова ба роҳбарияти ташкилот барои фаъолияти пурсамари ҳизбӣ изҳори сипос намуд.
Дар маҷлис аз рӯйи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
АКС: ММҚ








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






