Маҳмадтоир Зокирзода бо Валентина Матвиенко мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 25.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов иттилоъ дод.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки сафари Валентина Матвиенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, бешубҳа, боз як далели рушди босуръати маҷмӯи муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Русия мебошад.
Маҳмадтоир Зокирзода доир ба муносибатҳои байнипарлумонӣ изҳор кард, ки «Маҷлиси намояндагон бо дарназардошти аҳамияти рушди минбаъдаи муносибатҳои байнидавлатии кишварҳоямон минбаъд низ ҷиҳати таҳкими заминаи ҳуқуқӣ тадбирҳои мушаххас ва муттасил меандешад. Робитаҳои фаъол ва кори муштараки роҳбарон ва вакилони парлумонҳои ду давлат дар чаҳорчӯби Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви ИДМ сурат мегиранд».
Зикр шуд, ки бо Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия робитаи зичи байнипарлумонӣ ба роҳ монда шудааст. Барои рушди ҳамкории байнипарлумонӣ заминаи муносиби ҳуқуқӣ мавҷуд аст.
«Миёни парлумонҳоямон гурӯҳҳои дустӣ ва ҳамкорӣ таъсис дода шуда, фаъоланд. Давоми ду соли фаъолияти даъвати нав вакилони мо борҳо ба Федератсияи Русия сафар намудаанд. Сар аз солҳои 2000 робитаҳои байнипарлумонии мо махсус фаъол гардиданд. Мулоқотҳои дуҷониба тақрибан ҳар сол- ҳам дар ҷараёни сафарҳои расмӣ ва кории ҷонибҳо ва ҳам дар ҳошияи ҷаласаҳову чорабиниҳои дигар дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви ИДМ, Ассамблеяи порлумонии СААД баргузор мешаванд», — тазаккур дод Раиси Маҷлиси намояндагон.
Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко зикр дошт, ки «мо ҳамеша хостори муносиботи неку равобити ҳасана бо шарики стратегии кишвари худ – Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастем ва талош менамоем, ки ин равобит бештар тақвият ёбад».
АКС: МН МО ҶТ








Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






