НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Сангвор кай китобхонаи бачагона ба фаъолият шуруъ мекунад?
САНГВОР, 07.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Чаро дар ноҳияи Сангвор китобхонаи бачагона мавҷуд нест?
Ба ин саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд зимни нишасти матбуотӣ намояндаи шуъбаи фарҳанги ноҳия посух дод, ки соли 2022 бо дастгирии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ дар бинои Қасри фарҳанги ноҳия китобхонаи бачагона ташкил карда мешавад.
Раиси ноҳияи Сангвор Маҳмадшоҳ Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон дар мавриди ҳолати роҳҳо гуфт, ки “дар фаслҳои тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 дар роҳи байналмилалии Нуробод – Сангвор – Дарвоз, ки талаботи аҳолиро дар кашонидани маҳсулот миёни ноҳияҳо ва пойтахт таъмин менамояд, барои рафтуомади мунтазами сокинони ҷумҳурӣ 168 тармаи калону майдаро тоза намуда, ба шаҳрвандон шароити ҳаракат дар роҳро муҳайё намудем. Ҳамчунин барои роҳҳои маҳаллии ҷамоатҳои деҳоти ноҳия соли 2021 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ яксаду шаш ҳазор сомонӣ маблағ хароҷот шуд, ки мушкилоти зиёди роҳҳои кӯҳистон бартараф гардиданд”.
Дар нишаст зикр гардид, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии ноҳияи Сангвор соли 2021 ба 447,4 миллион сомонӣ баробар гардид. Аз ин 218,8 миллион сомонӣ ба соҳаи кишоварзӣ, 34,3 миллион сомонӣ ба соҳаи савдо, 10,2 миллион сомонӣ ба соҳаи хизматрасонии пулакӣ ва 181,1 миллион сомонӣ ба соҳаи саноат рост меояд. Ҳамчунин қисми даромади буҷети ноҳия соли 2021 ба ҷойи 6 миллиону 567 ҳазор сомонии нақшавӣ 14 миллиону 706 ҳазору 544 сомонӣ иҷро гардид, ки ба 224 дарсади нақша баробар мебошад.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»








Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид






