НИШАСТИ МАТБУОТӢ: Дар вилояти Суғд 122 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ фаъол гардидиданд

Февраль 4, 2022 15:27

ДУШАНБЕ, 04.02.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Дар соли сипаригардида дар миқёси вилоят 122 корхонаву коргоҳи нав бо 3056 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд. Ин нуктаро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода  имрӯз зимни  нишасти матбуотӣ иброз намуд.

Тавре котиби матбуоти Раиси вилояти Суғд Музаффар Юнусов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, 4 феврал дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази вилоят нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд баргузор гардид, ки дар он ба рӯзноманигорон оид ба вазъи иҷтимоиву иқтисодии вилоят ва фаъолияти бахшҳои гуногун дар соли 2021 маълумот дода шуд.

Зикр гардид, ки суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 131,3 фоиз таъмин гардида, ҳиссаи вилоят дар маҷмӯи маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ ба 55,0 фоиз расонида шуд. Дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона гардид. Аз ҷумла, дар моҳҳои январ-декабри соли гузашта ба миқдори 1,4 миллион тонна семент ва 1,7 миллион тонна ангишт истеҳсол карда шудааст.

Ҳамзамон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёди зиёда аз 300 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ ба нақша гирифта шуда буд. Аз ҷумла, тибқи нақша дар соли 2021 ба истифода додани 120 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо 3027 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардида, дар натиҷаи тадбирҳои андешида давоми соли 2021 дар миқёси вилоят 122 корхонаву коргоҳи нав бо 3056 ҷойи кор ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Солҳои рушди саноат эълон намудани солҳои 2022-2026 дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ вазифагузорӣ намуданд, ки дар панҷ соли минбаъда  зиёда аз 870 корхонаи саноатӣ таъсис дода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 95 миллиард сомонӣ расонида, содироти он ду баробар афзоиш дода шавад.

Раиси вилоят инчунин доир ба вазъ ва дастовардҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, сайёҳӣ ва ғайраҳо маълумот дода, ба саволҳои кормандони воситаҳои ахбори омма посух дод.

 АКСҲО: Хадамоти матбуоти в. Суғд

Февраль 4, 2022 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид