НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази миллии омӯзишӣ барои омода намудани наҷотдиҳандагон дар Қаратоғ соли оянда ба истифода дода мешавад

Февраль 9, 2022 15:06

ДУШАНБЕ, 09.02.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Соли 2021 аввалин марҳилаи сохтмони Маркази миллии омӯзишӣ барои омода намудани наҷотдиҳандагон дар мавзеи Қаратоғ бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо оғоз гардид, ки дар назар аст соли оянда ба истифода дода шавад. Дар ин бора имрӯз, 9 феврал зимни нишасти матбуотӣ  Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Рустам Назарзода ба хабарнигорон ибрози назар намуд.

“Мо бо КҲФ Афғонистон,  бо собиқ Ҳукумати пешин якчанд лоиҳаи якҷоя татбиқ намудем ва вақте ки масъалаи сохтани Марказ дар Қаратоғ баррасӣ гардид, дар он ҳатто омода кардани наҷотдиҳандагон барои Афғонистон пешбинӣ шуда буд, аммо мутаассифона, имрӯз  вазъ тағйир ёфт. Вале ба ҳар ҳол мо ин марказро месозем ва ин яке аз иншооти бузурги ҳозиразамон мешавад, ки дар он наҷотдиҳандагон- мутахассисони  баландпоя омода мегарданд”,-афзуд Рустам Назарзода.

Соли 2021 Кумита оид ба  таҳкими ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба  бо шарикони хориҷӣ  намояндагони дипломатии муқими Тоҷикистон ва дигар ташкилоти ғайридавлатӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода  тадбирҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва амалӣ андешид.

Тайи соли 2021 бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ сохтмони бинои нави Маркази идораи буҳронии Кумита ва муҷаҳҳаз намудани он бо таҷҳизот ва мебели зарурӣ идома дода шуд. Илова бар ин дар доираи татбиқи Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳо соли гузашта бо дастгирии Бонки осиёӣ бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода таҷҳизоти муосири радиолакатсионӣ ва бинои нави Хадамоти зидди жола дар шаҳри Ҳисор ба истифода дода шуд.

Зикр гардид, ки бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ соли 2022 татбиқи вазифаҳои зерин, аз  ҷумла андешидани тадбирҳои зарурӣ барои татбиқи минбаъдаи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо дар солҳои 2019-2030”;  густариши ҳамкории байналмилалӣ ва ҷалби сармоягузориҳо барои татбиқи Нақшаи “Барномаҳои рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022”; идомаи сохтмони бинои Маркази миллии омодасозии наҷотдиҳандагон ва Маркази миллии ҳолатҳои буҳронии Кумита ва оғози сохтмони биноҳои нави марказҳои идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ дар дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд ва  Бохтар бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ дар назар аст.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 9, 2022 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз аз нашри нахустин шумораи маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» 19 сол сипарӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ — ВОСИТАИ МУАССИРИ ЭЪТИРОФ. Барои ҳар шахси озодихоҳ неъмате муқаддастар аз он нест
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бахшида ба Истиқлоли Тоҷикистон ҳамоиши кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ доир шуд
ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат барномаҳои фарҳангӣ доир мегарданд
«МегаФон Life» – доимо дар алоқа, ҳатто вақте ки паёмрасонҳои муқаррарӣ дастнорасанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар хоҷагиҳои кишоварзии Ҳисор маъракаи пахтачинӣ оғоз гардид
Дар Иссиқкӯл Бозиҳои XXIV байналмилалии варзишии кишварҳои ИДМ ва СҲШ баргузор мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Мастчоҳ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон доир шуд
Мутахассисони алоқа «таҳаввулоти рақамӣ» пешбинӣ менамоянд