ОБ ЗАХИРА НАМОЕД! Дар баъзе кӯчаву маҳаллаҳои ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансур интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад
ДУШАНБЕ, 17.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба иттилои сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ ва барқарорсозии таҷҳизоту иншоотҳо, дар баъзе кӯчаву маҳаллаҳои ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан аз соати 23:00-и 17 феврал то соати 24:00-и 18 феврали соли равон, яъне ба муҳлати як шабонарӯз қатъ мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар санаи зикршуда дар гузаргоҳи якуми кӯчаи Мирзо Турсунзода дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ: кӯчаҳои Носири Хусрав, Ибни Сино, Умари Хайём, гузаргоҳи якуми Мирзо Турсунзода, Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ, Мирсаид Миршакар, Шотемур, Пушкин, Теҳрон, Бухоро, Академикҳо Раҷабовҳо, Ҳ. Ҳусейнзода, А. Лоҳутӣ, К. Беҳзод ва дар ноҳияи Шоҳмансур: маҳаллаҳои Қурғон, Хоруғ, Баҳорӣ ва Бадахшон 1 ва 2, кӯчаҳои Дӯстии Халқҳо, Аҳмади Дониш, Истаравшан, Ҳ. Ҳусейнзода, А. Нарзиқулов, Академик Раҷабовҳо ва С. Айнӣ интиқоли об қатъ мегардад.
АКС аз бойгонӣ








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






