ОБУ ҲАВО: 26 ва 28 феврал дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест

Февраль 26, 2022 08:31

ДУШАНБЕ, 26.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 26-28 феврал дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест, иттилоъ доданд дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9-14 дараҷа хунук, рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 15-20 дараҷа хунук, рӯзона 9-14 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш) дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 13+18  дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 0+5  дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, тормеғ (туман)-и тунук мефарояд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0+2 дараҷа гарм, рӯзона 15+17 дараҷа гарм мешавад.

Февраль 26, 2022 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид