ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 11+13 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 01.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 11+13 дараҷа гарм мешавад, иттилоъ доданд аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9-14 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 23-28 дараҷа хунук шуда, дар баъзе минтақаҳо то 30-35 ва рӯзона 17-22 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш (0-0,5мм) дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 1-6 дараҷа хунук мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0-2 дараҷа хунук ва рӯзона 11+13 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






