ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти борон ва барф дар назар аст

Февраль 13, 2022 08:17

ДУШАНБЕ, 13.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи водибуда баъзан ҳолатҳо борон борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф меборад, иттилоъ доданд дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Ба иттилои Агентии обу ҳавошиносӣ имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида баъзан ҳолатҳо барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 0+5 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 14-19 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 23-28 дараҷа хунук, рӯзона 2-7 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 9-14 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳидаи водибуда баъзан ҳолатҳо борон борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф борида, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -1+4 дараҷа, рӯзона 5+10 дараҷа  гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9 дараҷа хунук, рӯзона -3+2 дараҷа мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои водибуда борон борида, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ боришот (борон, барф) ба амал омада, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 9+14 дараҷа гарм, дар доманакӯҳо шабона -3+2 дараҷа, рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда, дар водиҳо баъзан ҳолатҳо борон борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф борида, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -1+4 дараҷа, рӯзона 8+13 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 4-9 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда, stop-alcoholism-meds.com бебориш (0,0-0,5мм) дар назар буда, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 2+4 дараҷа гарм, рӯзона 11+13 дараҷа гарм мешавад.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 13, 2022 08:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад