ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
ДУШАНБЕ, 18.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри бебориш дар назар аст, иттилоъ доданд дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12-17 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 22-27 дараҷа хунук, рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои камабр, дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11-16 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр, дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 13+18 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр, дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 9-14 дараҷа хунук, рӯзона 1+6 дараҷа мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабр, дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, тормеғ (туман)-и тунук мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1-3 дараҷа гарм, рӯзона 14+16 дараҷа гарм мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд






