Озарбойҷон дар соли таҳсили 2022-2023 барои шаҳрвандони Тоҷикистон 4 бурсияи таҳсилӣ ҷудо намудааст
ДУШАНБЕ, 10.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Озарбойҷон тибқи барномаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) барои соли таҳсили 2022-2023 ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 бурсияи таҳсилӣ аз рӯи зинаҳои бакалавриат, магистратура, докторантураи таҳсилоти олӣ ва тиббӣ ҷудо намудааст, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Таҳсил дар донишгоҳҳои Озарбойҷон бо забони англисӣ ба роҳ монда шудааст, аз ин рӯ аз довталабон сертификатҳои сатҳи байналмиллалии TOEFL, IELTS талаб карда мешавад. Довталабонро зарур аст, ки пеш аз интихоби донишгоҳ ва ихтисос бо талаботи вобаста ба сертификати забондонӣ шинос шаванд.
Довталабе, ки соҳиби бурсия мегардад, чунин имконият ба даст меорад: таҳсили ройгон, пардохти парвозҳои байналмилалӣ, суғуртаи тиббӣ, пардохти раводид ва сабти ном, стипендияи моҳона барои хӯрок, манзил ва хизматрасонии коммуналӣ (800 AZN).
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин заруранд: ариза (дар сомонаи https://aida.mfa.gov.az/en/education/221/); диплом ё аттестат, маълумотномаи тиббӣ (бо санҷишҳо барои ВИЧ / СПИД, гепатити В ва С), ҳолнома (резюме ё CV), номаи ҳавасмандӣ, сертификатҳои байналмилалии малакаи забондонӣ.
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ то 15 марти соли раон дар Маркази барномаҳои байналмилалӣ (дар шакли хаттӣ ва электронӣ) қабул карда мешаванд.
Барои маълумоти иловагӣ хоҳишмандон метавонанд ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар кӯчаи М. Турсунзода, 47, шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд ё бо телефонҳои 221-18-83, 223-23-57 дар тамос шаванд.
АКС аз бойгонӣ








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






