Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба 150 ятими кулл туҳфаҳо ва ба шаш оилаи эҳтиёҷманд калиди хонаҳои истиқоматӣ тақдим намуданд

Февраль 10, 2022 10:46

ДУШАНБЕ, 10.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 10 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ду бинои истиқоматии 9-ошёнаро бо ҷойгиршавии маркази савдо ва тарабхона ба истифода дода, ба 150 ятими кулл туҳфа ва ба шаш оилаи эҳтиёҷманд калиди хонаҳои истиқоматиро дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуданд.

Оилаҳое, ки соҳиби манзили замонавии истиқоматӣ гардиданд, асосан дар соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ фаъолияти босамар дошта, барои рушди ҷомеа саҳми назаррас доранд. Ин оилаҳо қаблан иҷоранишин буданд ва акнун бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби манзили истиқоматии шахсӣ гардиданд. Онҳо барои таваҷҷуҳ ва дастгирии бесобиқа ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Сарвари давлат ҳангоми супоридани калиди хонаҳои истиқоматӣ ба оилаҳои эҳтиёҷманд иброз намуданд, ки дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбон ва оилаҳои ниёзманд мавқеи меҳварӣ дошта, ин қишри ҷомеа таҳти таваҷҷуҳи пайваста қарор доранд.

Мавриди зикр аст, ки биноҳои 9-ошёнаи истиқоматӣ дар маҳаллаи 13-уми шаҳри Хуҷанд аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сармоя сохтмон” дар асоси талаботи шаҳрсозӣ бо тарҳи меъмории миллӣ зебою замонавӣ сохта шудаааст. Дар рафти сохтмон беш аз 50 мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида, бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонии истеҳсолоти ватанӣ корҳои бунёдиро ба иҷро расонидаанд.

Бинои нави истиқоматӣ бо дарназардошти ҷойгиршавии маркази савдою тарабхона дар ошёнаи якум бунёд гардида, дар умум дорои 90 хонаи 1, 2 ва 3-ҳуҷрагӣ мебошад. Аз қомат афрохтани боз як бинои хуштарҳи истиқоматӣ шароити беҳтари зиндагӣ барои сокинон фароҳам оварда шуда, ба ин гӯшаи шаҳри Хуҷанд зебоии дигар зам гардид.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо ятимони кулл ба онҳо туҳфаҳои арзишманд тақдим намуда, барои ин наврасону ҷавонон, ки бо амри тақдир аз навозиши волидайн бенасиб мондаанд, дастархони идона ороста шуд.

Ятимон бо шодию нишот аз дасти Сарвари раъиятпарвару инсондӯсти мамлакат либоси мактабӣ, пойафзол, шириниҳо, кумаки молӣ ва дигар туҳфаҳои арзишманд гирифтанд.
Ба истифода додани ду бинои истиқоматии 9-ошёна бо маркази савдову тарабхона ва оростани дастархони идона ба 150 ятими кул ва супоридани хонаҳои истиқоматӣ ба шахсони эҳтиёҷманд 10.02.2022

Февраль 10, 2022 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд