Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд маркази савдо ва хизматрасонии «Амид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 10.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 10 феврал дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд маркази савдо ва хизматрасонии “Амид”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Маркази савдо ва хизматрасонии “Амид” дар заминаи иншооте, ки беш аз 15 сол фаъолият намекарду вайрону валангор буд, таъсис дода шуд.
Иншоот аз ҷониби соҳибкори ватанӣ- роҳбари ширкати ҶДММ “Амид” Саидамон Исомаддинов бунёд гардидааст.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншоот дар маҷмуъ беш аз 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин карда шуд, ки аз шумораи умумии кормандон қариб 80 нафарашро занону духтарон ташкил медиҳад.
Маркази савдо ва хизматрасонии “Амид” дар масоҳати 2500 метри мураббаъ бо тарҳи муосир ва шаклу услуби хоси меъморӣ бунёд карда шуда, дар он маркази фурӯши маҳсулоти гуногун, аз ҷумла, хӯрокворӣ, лавозимоти рӯзгор, сехи истеҳсоли ҳасиббарорӣ, маҳсулоти ширӣ, хӯришҳо, нонвойхона, нуқтаи ҳозиразамони фурӯши маҳсулоти қаннодӣ, хӯрокҳои тезтайёр, қаҳвахона ва дорухона мавҷуданд.
Минбаъд сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд аз хизматрасонии сатҳи ҷаҳонӣ бархурдор гашта, метавонанд маҳсулоти мавриди ниёзи худро бо сифати баланд харидорӣ кунанд.
Дар маҷмӯъ, дар маркази савдо ва хизматрасонӣ аслан маҳсулоти истеҳсоли коргоҳу корхонаҳои ватанӣ, аз ҷумла маҳсулоти гӯштӣ, ширӣ, қаннодӣ, обҳои гуногун ва меваю сабзавот, ки дорои сифати баланд ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошанд, пешниҳоди мизоҷон гардонида мешаванд.
Ҳамзамон баҳри нигоҳдории молу маҳсулот иншооти ёрирасон, аз қабили анборҳои гуногун дар марказ бунёд карда шудаанд, ки имкон медиҳад маҳсулоти зарурӣ захира гардида, сари вақт ба мизоҷон пешниҳод шавад.
Дар назди иншоот таваққуфгоҳи нақлиёт бо беш аз 200 ҷой таъсис ва атрофи бино ободу зебо ва чароғон карда шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳ ва шиносоӣ бо имконияти маркази савдо ва хизматрасонии “Амид” иқдоми наҷибонаи соҳибкори ватаниро намунаи ибрат хонда, баҳри мақсаднок истифода намудани имконоти фароҳамоварда ва бо ин роҳ рушд бахшидани соҳа ба масъулон дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.
Ҳамчунин дар ин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи корхонаҳои истеҳсолии шаҳри Хуҷанд боздид ба амал оварданд.
Дар намоишгоҳ 8 корхона- ҶДММ “Ҷавонӣ”, “Нассоҷии Хуҷанд”, “Наргис”, “Амир КО”, “Олимхони Хуҷандӣ”, “Раҳимов”, “Сатн” ва “Ниттинг” маҳсулоти истеҳсолии худро пешниҳод карданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






