Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон корхонаи ҳасиббарории ҶДММ ба номи «Толиб Дадабоев»-ро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд

Февраль 10, 2022 09:38

ДУШАНБЕ, 10.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” Корхонаи ҳасиббарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ба номи “Толиб Дадабоев”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, аз намоиши маҳсулоти корхона дидан намуданд.

Ҷамъияти мазкур бо тамғаи маҳсулоти гӯштии “Дилшод” навъҳои гуногуни ҳасиб ва мувофиқи талаботи бозор 8 намуди ҳасибча истеҳсол менамояд.

Айни замон дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ба номи “Толиб Дадабоев” 25 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор гардида, ҳамаи онҳо аз курсҳои бозомӯзии кор бо технологияи соҳавӣ гузаштаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар як сол тибқи нақша корхонаи навтаъсис имконият дорад то 120 тонна гӯштро коркард карда, аз он навъҳои гуногуни ҳасиб истеҳсол намояд. Айни замон дар корхонаи ҳасиббарорӣ истеҳсоли 30 намуд маҳсулоти гӯштӣ роҳандозӣ гардидааст ва бо дарназардошти талабот имконият аст, ки номгӯи маҳсулот зиёд карда шавад.

Хатҳои истеҳсолии корхонаи мазкур аз Олмон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Беларус ва Чин харидорӣ гардида, бо истифода аз ин имконот истеҳсолот дар доираи стандартҳои байналмилалӣ роҳандозӣ гардидааст.
Гӯшти гов ва паранда барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз корхонаҳои чорвопарвари ҳудуди вилоят харидорӣ гардида, дар корхона ҳасиб аз гӯшти гову мурғ, ҳамчунин аз гӯшти асп қазӣ истеҳсол мегардад, ки он ба таври махсус тайёру хушконида мешавад.

Маҳсулоти ниҳоии корхонаи мазкур ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилоят ва бархе мағозаҳои шаҳри Душанбе ба фурӯш бароварда мешавад. Ба иттилои масъулин, дар оянда содироти он ба дигар кишварҳо низ роҳандозӣ мегардад, зеро имконияти зиёдсозии хатҳои истеҳсолӣ ва афзоиш додани ҳаҷми маҳсулот мавҷуд аст.

Бо дастрасии технологияи муосир тамоми марҳилаҳои коркард ва омодасози гӯшти паранда барои истеҳсоли ҳасибҳои мурғӣ дар дохили корхона роҳандозӣ гардида, ҷамъият барои мизоҷон дар баробари ҳасиб, инчунин гӯшти мурғи бо усули муосиру бо истифода аз буғ пухташуда пешниҳод менамояд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти ниҳоии корхонаи мазкур дидан намуда, барои рушди бештари истеҳсолот ба соҳибкорон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Ба истифода додани корхонаи ҳасиббарории ҶДММ ба номи “Толиб Дадабоев” дар шаҳри Хуҷанд 10.02.2022

Февраль 10, 2022 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои роҳ ва пулҳои мошингард дар минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 17 иншоотро дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ ҶДММ «Тоҷик-Алмос»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб Беморхонаи хусусии ташхисию табобатии «Мирзоён»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб марказҳои обтаъминкунӣ ва корезро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб 10 иншооти соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд