Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Фестивал-намоиши чорвои хушзот дар Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуданд

Февраль 9, 2022 11:45

ДУШАНБЕ, 09.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 9 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар Фестивал-намоиши чорвои хушзот, чорвои калон барои истеҳсоли шир ва гӯшт, шутур барои шир ва гӯшт, асп, гӯсфанд ва бузҳои зотӣ иштирок карданд.

Дар намоишгоҳ фермаҳои ширию молӣ, коргоҳу корхонаҳои парандапарварӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидори бахши чорвопарварӣ навъу намудҳои мухталифи чорворо ба намоиш гузоштанд.

Ба ин мавзеъ даҳҳо намуди чорвои калон, гӯсфанду буз, асп, шутур, шутурмурғ, кабк, мурғи ҳилол, фазан, моҳӣ, хӯрокиҳои омехтаи чорво, ки дар ҳамаи 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд парвариш ва истеҳсол карда мешаванд, оварда шуданд.

Дар фестивал-намоиш чорвои калони зоти сиёҳало, голштенӣ, сименталӣ, шведӣ, гӯсфандони зоти ҳисорӣ, бузҳои зоти серпашми тоҷикӣ, бузҳои ширии зоти зааненӣ ва алпенӣ, шутурҳои яккӯҳа ва дукӯҳа, намуди моҳиҳои зағорамоҳӣ, пешонағафси сафед, амури сафед ва ғайраҳо ба намоиш гузошта шуданд.

Манзараи намоишгоҳ аз рушди устувори бахши муҳими соҳаи кишоварзӣ, чорводорӣ дар вилояти Суғд дарак медод.

Дар натиҷаи татбиқи амалии стратегияҳои алоҳида рушди бахши чорводорӣ дар вилоят марҳила ба марҳила таъмин мегардад.

Дар Фестивал-намоиши чорвои хушзот чорвои калон барои истеҳсоли шир ва гӯшт, шутур барои шир ва гӯшт, асп, гӯсфанд ва бузҳои зотӣ, инчунин намудҳои гуногуни асп, аз ҷумла аспҳои зоти тоҷикӣ ба намоиш гузошта шуд. Маълум гардид, ки дар ҳамаи шакли хоҷагидорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 8 ҳазору 575 сар асп парвариш меёбад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо иштирокчиёни Фестивал-намоиш бо истифода аз зарфияти мавҷудаи аграрии мамлакат ҷиҳати таъсиси комплексҳои чорводорию парандапарварӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Сарвари давлат аснои шиносоӣ бо дастовардҳои чорводорону парандапарварон ва дигар истеҳсолкунандагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд кори хоҷагидоронро намунаи барҷастаи амалисозии тадбиру барномаҳои давлатӣ дар самти рушди чорводорӣ маънидод карда, бобати бештар сайқал додани ин бахши сердаромад ба масъулони сатҳи ҷумҳуриявию вилоятӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Боздид аз Фестивал-намоиши чорвои хушзот дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 09.02.2022

Февраль 9, 2022 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд