Раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон: «Шумораи парвандаҳои муфлисшавӣ афзудааст»

Февраль 8, 2022 13:22

ДУШАНБЕ, 08.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2020 мо 6 парвандаи муфлисшавӣ ва барҳамдиҳии ташкилоти қарзии хурд ва ҷамъият доштем, вале соли сипаригардида ин теъдод ба 13 адад расид,-гуфт Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода 8 феврал зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба хабарнигорон.

Ба гуфтаи Мавлуда Қаландарзода, дар самти иҷрои Барномаи давлатӣ оид ба таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон судҳои иқтисодӣ низ масъул буда, соли сипаригардида 301 парванда дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ шуданд. Зимни муҳокимаи парвандаҳо дар 278 ҳолат вайронкунии қонун ошкор карда шуда, ҷиҳати бартараф кардани сабабу шароите, ки ба вайронкунии қонун оварда расонидаанд, бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор таъйиноти хусусӣ бароварда, барои чораҷӯӣ ирсол карда шуданд.

Зимни нишаст хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода пурсид, ки теъдоди парвандаҳои муфлисшавӣ ва барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ дар судҳои иқтисодии Тоҷикистон тамоюли зиёдшавӣ дорад ё пастравӣ?

Мавсуф дар посух гуфт, ки «ҳоло дар судҳои иқтисодӣ шумораи  парвандаҳои муфлисшавӣ ва барҳамдиҳии  ташкилоти қарзии хурд ва ҷамъиятҳо афзоиш ёфтааст. Ин омил дар ҳама ҷомеа ба назар мерасад, нафаре ки фаъолияти бе камбудӣ мебарад ва амалаш пардохтпазир аст, корашро бе мамониат пеш мебарад. Аммо нафаре, ки низоми корашро дуруст ба роҳ намондаасту уҳдадориҳояшро расман иҷро карда наметавонад, дар натиҷа муфлис мешавад, ки ин боиси пайдо шудани баҳсҳои судӣ мегардад».

Раиси Суди олии иқтисодӣ илова намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ   ба судҳои иқтисодӣ 3824 адад аризаҳои даъвогӣ ва шикояту дархостҳо ворид гардида, аз он 2673 адад баррасӣ карда шуданд. Шумораи бештари баҳсҳоро муносибатҳои қарзӣ ташкил медиҳанд, ки дар давраи ҳисоботӣ 460 парвандаро дарбар мегирад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 8, 2022 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзи забони давлатӣ дар Суди Олии иқтисодӣ ботантана таҷлил карда шуд
Кишоварзони шаҳри Конибодом беш аз 12 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳо ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба рӯзи таъсиси «Телевизиони Тоҷикистон» ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Дар милитсияи пойтахт Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи касбии кормандони оперативиро таҷлил намуданд
«ПАРЧАМБАРДОРОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таҳти чунин унвон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Оид ба рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ дар хизмати идоракунии давлатӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ноҳияи Ёвон сохтмони бинои иловагии муассисаи таълимӣ оғоз гардид
Ҷавонони сарбаланди шаҳри Панҷакент ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Ашқобод дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид