Роҳбари навтаъйини Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ба Душанбе омад
ДУШАНБЕ, 08.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 7 феврал нусхаи эътимодномаи Намояндаи доимии навтаъйини Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Ленни Монтиелро қабул кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ниҳод табодули афкор намуданд. Мусоҳибон ба татбиқи лоиҳаҳо мутобиқ ба талаботи кишвар, инчунин дурнамои ҳамкории минбаъда дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Дар анҷоми мулоқот Вазири корҳои хориҷӣ аз сатҳи ҳамкории муштарак бо БРСММ изҳори қаноатмандӣ карда, ба мавсуф ҷиҳати пешбурди фаъолият дар соҳаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, инчунин расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор комёбиҳо таманно намуд.
Маълумоти АМИТ «Ховар»:
Қаблан Ленни Монтиел ёвари Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иқтисодӣ дар департаменти масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ буд. Қабл аз ин таъйинот 18 ноябри соли 2014 Монтиел ба сифати ёвари Котиби генералӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва рушд ифои вазифа менамуд.
Ленни Монтиел дар Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи рушд дорои таҷриба ва дониш васеъ мебошад. Вай бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҳамоҳангсози доимӣ дар Туркманистон ва мушовири калони техникӣ дар Ветнам ва Украина фаъолият кардааст. Монтиел дар Донишгоҳи Бирмингем таҳсил карда, дар он ҷо унвони доктори соҳаи сиёсати давлатӣ ва дар Институти хоҷагии халқи Беларус унвони магистранти иқтисодӣ гирифтааст.
АКС: ВКХ ҶТ








Баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистону Миср дар кишварҳои якдигар баррасӣ гардид
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Туркманистон таҷлил намуданд
Ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Урдун баррасӣ шуд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО намоишгоҳи китобу дастхатҳои Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём ифтитоҳ шуд
Президенти Тоҷикистон: «То ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ зери парчами миллӣ ба хотири боз ҳам обод гардонидани Ватани аҷдодӣ заҳмат мекашем»
Дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНЕСКО баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои дохилии Урдун мулоқот намуд
Дар Париж ба бузургдошти Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём чорабиниҳои илмию фарҳангӣ доир мегарданд
Дар Теҳрон масъалаи баргузории чорабиниҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид
Дилрабо Мансурӣ дар Конфронси дуюми ҷаҳонии вазирон оид ба хотима додан ба зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Аҳмадии Кувайт вохӯрӣ намуд
Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск бо донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаи Сибир мулоқот намуд






