Рустами Эмомалӣ бо Фармондеҳи пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Русия дар Тоҷикистон мулоқот намуданд

Февраль 8, 2022 16:11

ДУШАНБЕ, 08.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Фармондеҳи навтаъйини Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Евгений Геннадевич Ковилинро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфтанд, иттилоъ доданд дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар оғози суҳбат Е.Г. Ковилинро ба муносибати Фармондеҳи Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданаш самимона табрик гуфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории мутақобилан судманд миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо бештар ба мавзўоти такмили робитаҳо дар доираи муносибатҳои шарикии стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дахл карданд.

Таъкид гардид, ки тайи 30 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар ҳамкорӣ сатҳу уфуқҳои нав касб намуд.

Қисми бештари мулоқот ба масъалаи ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо субъектҳои Федератсияи Русия дар соҳаҳои гуногун бахшида шуд.

Дар мулоқот Сафири Фавқулода ва мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов иштирок дошт.

Мулоқот ба таври созанда ва дар фазои якдигарфаҳмии комил сурат гирифт.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Февраль 8, 2022 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид