Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Директори генералии Ширкати нассоҷии «Балтика Групп»-и Русия Михаил Бочаров мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 25.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Директори генералии Ширкати нассоҷии «Балтика Групп»-и Федератсияи Русия Михаил Бочаров мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии муштарак, сармоягузорӣ, коркарди ниҳоии маҳсулот ва дар маҷмуъ, тақвият бахшидани ҳамкорӣ аз масъалаҳои муҳими мулоқот дониста шуд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон имкони хуби сармоягузорӣ дорад ва барои рушди бахши хусусӣ ва таъсиси коргоҳу корхонаҳои гуногуни истеҳсолӣ дар заминаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ ва таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар соҳаи саноату сармоягузоррӣ имкони созгор фароҳам сохта, татбиқи якчанд имтиёзро ба роҳ мондааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон имкони хуби истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишорвазиро доро буда, ба василаи то сатҳи ниҳоӣ коркард намудан ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, баланд гардидани сатҳи некуаҳволӣ ва дар маҷмуъ, ба рушди иқтисоди миллӣ замина мегузорад.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»










Тоҷикистон ва Австрия нақшаи ҳамкориро барои соли 2026 мавриди баррасӣ қарор доданд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ дар доираи барномаҳои афзалиятнок баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо директори генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо мулоқот намуд
Дар Вена ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо сохторҳои марбутаи Австрия баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири навтаъйини Италия дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо амири минтақаи Қаcими Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо дабири кулли Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири сайёҳӣ ва осори бостонии Миср мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва FAO баррасӣ гардид
«Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қазоқистон барои солҳои 2026–2028» ба имзо расид






