Соли 2021 теъдоди омӯзгорон зиёд гардид, — бардошт аз нишасти матбуотии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 08.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар сатҳи муассисаҳои олии касбии мамлакат нахустин бор дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода марказҳои тарҷумонӣ ва рушди маҳорати методӣ муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири тарҷумонӣ таъсис дода шуданд. Инчунин бо ибтикори Раёсати донишкада ва ҳамкорӣ бо намояндагии консулгарии Ҷумҳурии Ҳиндустон маркази омӯзиши забони ҳиндӣ таъсис дода шуд.
Ин матлабро Ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон Ҷило Гулназарзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён дошт.
Мавсуф иброз намуд, ки донишкадаи мазкур мутахассисонро аз рӯи 11 забон ва 31 ихтисос дар зинаи бакалаврит, 5 ихтисос дар зинаи магистратура ва 5 ихтисос дар зинаи доктурантура бо касбҳои ба бозори меҳнат рақобатпазир омода менамояд.
Ба суоли хабарнигори АМИТ «Ховар» дар мавриди зиёд ё кам шудани теъдоди омӯзгорон дар донишкада ва дар ояндаи наздик кушодани факултаи нав ректор посух дод, ки
«соли 2021 теъдоди омӯзгорони донишкадаи мо зиёд шуд. Мо имсол дар маҷмӯъ 107 нафарро ба кор қабул кардем, ки аз ин теъдод 54 нафар омӯзгорон мебошанд».
Ҷило Гулназарзода изҳор дошт, ки бо тасмими раёсати донишкада барои кушодани 5 ихтисоси нав кор бурда шуда истодааст.
Дар самти корҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии донишкада зикр карда шуд, ки соли 2022 аз ҳисоби суратҳисоби махсус маоши кормандони донишкада 10 фоиз зиёд карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон 5 факултет: филологияи тоҷик, филологияи рус, забони англисӣ, забонҳои Осиё, забонҳои Аврупо, шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва 16 кафедра мутобиқи нақшаи таълимӣ аз рӯйи 41 ихтисос бо фарогирии 5162 нафар донишҷӯ фаъолият менамояд.
Дар айни замон 2 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Мексика курси пурраи омӯзиши забони тоҷикиро ба анҷом расониданд, ки ба онҳо сертификат дода шуд. Ҳоло 3 нафар шаҳрвандони Филиппин ва Кореяи Ҷанубӣ ба забономӯзӣ ҷалб гардидаанд.
АКС: ДДЗТ








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






