Украина барои шаҳрвандони Тоҷикистон 20 бурсияи таҳсилӣ дар зинаи бакалавриат ва магистратура ҷудо намудааст

Февраль 2, 2022 08:34

ДУШАНБЕ, 02.02.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Ҷумҳури Украина барои соли таҳсили 2022-2023  20 бурсияи таҳсилӣ дар зинаи бакалавриат ва магистратура барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намудааст, иттилоъ доданд аз Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Ҳуҷҷатҳои зарурӣ, аз қабили нусхаи шиноснома, нусхаи шиносномаи падару модар, маълумотнома аз ҷойи зист, маълумотнома аз муассисаи таълимӣ ва 6 адад сурати 3х4 то 10 марти соли равон қабул карда мешаванд.

Хоҳишмандон метавонанд барои дарёфти маълумоти илоавгӣ ба Маркази барномаҳои байналмилалӣ муроҷиат намоянд.

АКС аз бойгонӣ

Февраль 2, 2022 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад