ҚУРБИ АСЪОР 1 доллари ИМА аз 11.2800 то 11.3000 сомонӣ муқаррар шудааст
ДУШАНБЕ, 23.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА — 11.3000 сомонӣ;
1 евро – 12.8232 сомонӣ;
1 рубли русӣ — 0.1416 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.2800 то 11.3000 сомонӣ;
1 евро аз 12.8232 то 13.0000 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1416 то 0.1430 сомонӣ.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».