Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалӣ дар Узбекистон иштирок намуд

Февраль 23, 2022 16:52

ДУШАНБЕ, 23.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 23 феврал Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба 27-солагии таъсиси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Узбекистон (Омбудсмен) дар мавзӯи «Ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии инсон – арзиши олии давлат ва ҷомеа» бо иштироки ваколатдорони мамлакатҳои хориҷӣ, аъзои Парлумон ва сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Узбекистон, инчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки тариқи маҷозӣ сурат гирифт, иштирок намуда, дар мавзӯи «Механизми миллии превентивии ҳуқуқи инсон: амалияи кишвари Тоҷикистон» маърӯза намуд.

Тавре дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Умед Бобозода хусусан оид ба сиёсати имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои шахсоне, ки дар муассисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида қарор доранд, мавқеи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳимояи ҳуқуқҳои шахсони зикргардида сухан гуфта, якчанд тавсияҳо пешниҳод намуд.

Конференсия чор қисматро дар бар гирифта, дар он масоили мубодилаи амалияи беҳтарини байналмилалӣ ва миллии кишварҳо дар самти ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи ҷавонон, шахсони дорои маъюбият ҳамчун гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, шахсони дар муассисаҳои пенитенсиарӣ нигоҳдошташуда ва дурнамои рушди механизми миллии превентивии кишварҳо мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 

АКС: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ

Февраль 23, 2022 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад