Вазири маориф ва илм бо вазъи муассисаҳои таълимии ноҳияи Деваштич шинос гардид

Февраль 7, 2022 10:20

ДУШАНБЕ, 7.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, муовини Вазири маориф ва илм Нуралӣ Собирзода ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо вазъи  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 5, 30 ва 35 аз наздик шинос гардиданд, иттилоъ доданд дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷараёни боздид аз ин муассисаҳо Вазири маориф ва илм ба баланд бардоштани сифати таҳсил, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ҷараёни иҷрои барномаҳои давлатӣ, корҳои ободонию бунёдкорӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, бо омӯзгорону сокинони деҳот суҳбатҳои судманд анҷом дод.

Ҳангоми боздид аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5 иттилоъ дода шуд, ки сохтмони муассисаи таълимии рақами 5 деҳаи Ҳазорчашмаи ноҳияи Деваштич дар доираи амалигардонии лоиҳаи Фонди Саудии Рушд ба нақша гирифта шудааст. Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» мебошад.

Тибқи лоиҳа, бинои таълимии сохташаванда аз 4 ошёна иборат буда, барои 620 ҷойи нишаст дар як баст пешбинӣ гардидааст. Инчунин иншооти сохташаванда дорои ошхона, толорҳои маҷлисгоҳу варзишӣ мебошад. Бинои муассисаи таълимӣ ба шабакаи гармидиҳии худмухтор пайваст гардида, дар фасли зимистон бо гармӣ таъмин карда мешавад. Тибқи нақша, сохтмони иншоот соли равон ба анҷом расонида мешавад.

Вазири маориф ва илм ба масъулин ҷиҳати дар муҳлати пешбинигардида ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани сохтмони муассисаи таълимии мазкур дастур дод.

АКС: Вазорати маориф ва илм

Февраль 7, 2022 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид