4 варзишгари тоҷик дар Ниммарафони байналмилалии Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок мекунанд

Март 11, 2022 09:43

ДУШАНБЕ, 11.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 27 март дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Ниммарафони байналмилалии Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор мешавад, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон.

Фонди ҷоизавии ниммарафон 138 млн сум буда, дар он иштироки варзишгарон аз кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар назар аст. Ниммарафони 4-уми байналмилалии Тошканд ба ҷашни Наврӯз бахшида мешавад.

Аз Тоҷикистон барои иштирок дар мусобиқаи мазкур чор нафар варзишгар ба шаҳри Ташканд сафарбар мегарданд: Аъзамҷон Давлатов, Меҳрубон Шамсидинов, Зулҳиҷҷа Ғаффорзода ва Раҷабмо Абдуллоева.

Мавриди зикр аст, ки Меҳрубон Шамсидинов иштирокчии Чемпионати ҷаҳон — 2017 дар Кампалаи Уганда ва ниммарафони ҷаҳонии Валенсиа дар соли 2018 буда, рекорди инфиродиаш — 1:11:35 мебошад. Беҳтарин натиҷаи варзишгарони дигарамон чунин аст: Аъзамҷон Давлатов – 1:13:03, Зулҳиҷҷа Ғаффорзода – 1:30:05, Раҷабмо Абдуллоева – 1:32:11.

Ниммарафони Созмони Ҳамкории Шанхай бо ташаббуси ин созмон аз соли 2016 инҷониб баргузор мегардад.

 

АКС: КМО Тоҷикистон

Март 11, 2022 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад