Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Чин ширкат меварзад
ДУШАНБЕ, 29.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Тоҷикистон дар сеюмин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон (Чин, Эрон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Русия), ки 31 март дар Чин баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Ҳайати Тоҷикистонро Вазири адлияи кишвар Музаффар Ашӯриён роҳбарӣ мекунад.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дод, дар нишаст масъалаҳои ҳамоҳангсозии талошҳои минтақавӣ дар самти башардӯстона ва иҷтимоию иқтисодӣ, кумак ба Афғонистон, инчунин ҳамоҳангсозии равишҳо дар муқобила бо таҳдидҳои паҳншавии терроризм ва қочоқи маводи мухаддир, ки аз Афғонистон бар меоянд, баррасӣ хоҳанд шуд.
ДАР АКС: Нишасти дуюми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон + Русия дар Теҳрон, 27 октябри соли 2021. Акс: Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон








Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






