Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар арафаи Рӯзи Модар ба ниёзмандон кумаки хайриявӣ расонид

Март 7, 2022 11:41

ДУШАНБЕ, 07.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари  Тоҷикистон бо мақсади дастгирии ниёзмандон 5 март ба 5 муассисаи ҷумҳурӣ кумаки хайриявӣ дар намуди маводи хӯрока расонид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази иттилоотии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон хабар медиҳад.

Кумаки мазкур дар доираи ҳамкории башардӯстона бо дастгирии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Туркия амалӣ гардида, ба ниёзмандон мувофиқи дархости муассисаҳои марбута расонида шуд.

Кумак аз маҳсулоти мавриди ниёзи аввал аз қабили орд, равғани растанӣ, шакар, биринҷ, наск, нахуд, марҷумак, намак, чойи хушк, лӯбиё, гӯшти гов, макарон иборат буда, ба Мактаб-интернати ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнии вилояти Суғд, беморхонаи байниноҳиявии бемории сили ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, Муасссисаи давлатии таълимии «Литсей-интернати шаҳри Турсунзода», Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонии ноҳияи Рӯдакӣ ва Муассисаи давлатии «Шифохонаи шаҳрии парастории ҳамшираҳои шафқат», воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ 86-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе тақсим шуд. Дар Муассисаи давлатии «Шифохонаи шаҳрии парастории ҳамшираҳои шафқат» 120 нафар дар умум табобат мегиранд, ки аз онҳо 100 нафар калонсолон ва 20 нафар кӯдакон мебошанд.


Ёдовар мешавем, ки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон низ тасмим дорад, ба ниёзмандони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ кумаки хайриявӣ расонад.

Бояд гуфт, ки дастгирии шахсони ниёзмандон, аз ҷумла маъюбон, маризон, пиронсолони яккаву танҳо, ятимону бепарасторон ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ яке аз ҳадафҳои асосии фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба хисоб рафта, Ҷамъият дар ин самт ҳамеша барои дастгирии онҳо чораҳои саривақтӣ меандешад.

 

АКСҲО: Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

Март 7, 2022 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид