ҶАШНИ ТАМАДДУНИ МАРДУМИ ОРИЁӢ ДАР АМРИКО. Иди байналмилалии Наврӯз дар қароргоҳи СММ батантана таҷлил гардид

Март 23, 2022 11:53

ДУШАНБЕ, 23.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 22 март дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Нью-Йорк (ИМА)  Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ироқ, Туркманистон, Туркия ва Узбекистон чорабинии маҷозиро бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод  ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ хабар медиҳад.

Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат дар  ин ҳамоиш  ширкат варзида, аз таърих ва аҳаммияти ин ҷашни ниёгон барои эҳё ва ҳифзи ҳуввият ва арзишҳои миллии Тоҷикистон ва минтақа  ибрози андеша намуд.

Дабири кулли СММ Антониy Гутерреш, Раиси иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ Абдулло Шоҳид, Раиси Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ Коллен Виксен Келапиле ва сафирони кишварҳои узви СММ дар чорабинии мазкур иштирок карда, кишварҳои ҳавзаи Наврӯзро бо ин ид табрик намуданд.

АКСҲО: Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ

 

Март 23, 2022 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд