«ҶАВОНОН — ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МЕРОСДОРИ АНЪАНАҲОИ НАВРӮЗӢ». Фестивали II дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 21.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Фестивали II дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҷавонон- пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои наврӯзӣ» ҷамъбаст гардид. Дар маросими пӯшидашавии Фестивал муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода ва дигар шахсони расмӣ сухан гуфтанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе хабар доданд.
Фестивали мазкур бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз аз 16 то 19 март баргузор гардида, мақсад аз он ҳамбастигиву дӯстӣ, татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, тарбияи ватандӯстӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ, ҷалби ҷавонон ба бунёдкориву созандагӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои милливу аҷдодӣ, шиносоӣ аз раванду амалишавии ҳадафҳои стратегии мамлакат ва пойтахт маҳсуб меёбад.
Дар доираи ин фестивал чорабиниҳои гуногуни маърифативу фарҳангӣ, илмиву амалӣ, омӯзишӣ, конфронсу мизҳои мудаввар, саёҳат ба мавзеъҳои фарҳангӣ, боздид аз ҷараёни хизмати сарбозон ва мулоқот дар қисмҳои ҳарбӣ, тамошои барномаҳои театрӣ ба роҳ монда шуд.


Инчунин дар доираи он иштирокчиён дар канори чорабиниҳои илмиву маърифатӣ ва фарҳангӣ, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе доир гардиданд, бо мавзеъҳои таърихии шаҳри Ҳисор ва Неругоҳи барқи обии Норак шинос гардида, дар ин шаҳрҳо мулоқоти роҳбарият ва ҷавонон фаъол бо барномаи фарҳангӣ баргузор кард шуд.
Фестивал дар доираи Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 14 марти соли 2022 доир гардида, дар қатори ҷавонони минтақаҳои гуногуни кишвар, ҷавонони кишварҳои Туркманистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, кишварҳои Африқо, Финландия, Ҳиндустон ва Покистон ба он ҷалб карда шуданд.
Дар маросими пӯшидашавии фестивал ба иштирокчиён туҳфаҳои хотиравӣ, Сертификат барои иштирок ва ба меҳмонони хориҷии чорабинӣ тоқиҳои тоҷикона тақдим карда шуданд. Чорабинии фарҳангии фарогири расму анъанаҳои наврӯзии минтақаҳои гуногуни кишвар ва кишварҳои иштирокчӣ бо сурудҳои ватандӯстона анҷомбахши фестивали мазкур гардид.
АКСҲО: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе










Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад






