«Ҷавонон, Паём ва манфиатҳои миллӣ». Дар муассисаи таълимии Норак хониши сиёсӣ баргузор гардид

Март 12, 2022 09:50

ДУШАНБЕ, 12.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 11 март аз рӯйи даҳ самти афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон, Паём ва манфиатҳои миллӣ»  миёни ҷавонони 14-17-сола дар муассисаи таълимии рақами 9-и шаҳри Норак хониши сиёсӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак.

Дар он  мудири  бахши  кор  бо  ҷавонон  ва  варзиши шаҳри  Норак  Азамат Зайниддинов,  мутахассиси пешбари  шуъбаи  рушди иҷтимоӣ ва робита  бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Зебо Мирзозода, мудири бахши кор бо занон ва оилаи  назди  мақомот Ҳабиба Шулашова, намояндаи  бахши фарҳанги шаҳр Иззатулло Алиев ва намояндагони шуъбаи  маорифи  шаҳр   иштирок  намуданд.

Масъулин зимни хониши сиёсӣ оид ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки зимни Паёми навбатӣ баён намуданд, ҷиҳати донишомӯзии ҷавонон, маърифати шаҳрдорӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, таваҷҷуҳи зиёд додан ба фанҳои дақиқ ва таърихи 30 соли рушду тараққиёти мамлакат, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон, нақши Пешвои миллат дар таъмини сулҳу субот ва ободии ҷумҳурӣ, ҳифзи амният ва оромии ҷомеа сухан гуфтанд.

Ҳамзамон дар хониши сиёсӣ оид ба тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи садоқат ба Ватан, ихтиёран хизмат намудан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, тарбияи кадрҳои баландихтисос, интихоби дурусти касб, иззату эҳтироми омӯзгорон ва хизмат намудан ба Ватан сухан гуфта шуд.

АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак

 

Март 12, 2022 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд