Ба пешвози 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Кӯлоб таъмири дарвозаи шаҳр ва қабулгоҳи меҳмонон ҷараён дорад
КӮЛОБ, 01.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бо фармоиши идораи сохтмони асосии шаҳр аз ҷониби ҶДММ «Паргор» таъмири дарвоза ва қабулгоҳи меҳмонон ҷараён дорад. Ҳоло сохтмони асосӣ ба анҷом расида, корҳои ниҳолшинонӣ ва сабзгардонӣ идома доранд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Сохтмончиён дарвозаро ба таври муосир ва бо истифода аз масолеҳи хушсифати сохтмонӣ таъмир намуда, равшаннамоӣ ва сафолакчинии роҳраву атрофи онро анҷом дода истодаанд. Бо назардошти мушкил гардидани ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардон дар ҳудуди шаҳр мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб насби чароғакҳоро дар чорроҳа, сероҳа ва чанд нуқтаи сераҳолии шаҳр ба нақша гирифтааст. Ҳоло кормандони Корхонаи давлатии фаръии таъмиру истифодаи шабакаҳои барқи шаҳр насби чароғакҳоро шурӯъ намудаанд.
Тавре сармуҳандиси корхона Олимҷон Эрматов иттилоъ дод, воқеан ҳам давоми солҳои охир бо беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум воситаҳои нақлиёти шахсӣ хеле зиёд шудаанд, аз ин рӯ сокинони шаҳру ронандони воситаҳои нақлиёт аз мушкилот ҳарф мезананд ва насби чароғакҳоро саривақтӣ ва ба кам гардидани садамаҳо рабт медиҳанд. Дар баробари насби чароғакҳо роҳҳои дохили шаҳр низ навсозӣ карда мешаванд.
Ин амал дар доираи аз ҷониби роҳбарияти шаҳр Солҳои рушди саноат ва роҳҳои обод эълон гардидани соли 2022 роҳандозӣ мешавад. Барои бартараф намудани танбашавии нақлиёт дар хиёбони Исмоили Сомонӣ роҳбарияти шаҳр тасмим гирифтааст, ки бо ҷалби ширкатҳои сохтмонии маҳаллӣ роҳи маҳаллаи Чармгарони поёнро навсозӣ намояд. Барои васеъ намудани роҳ аллакай сутунпояҳои хатҳои баландшиддати барқ кӯчонида шуда, сутунпояҳои хатҳои барқи 04-ро низ кӯчонида истодаанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






