Дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукӯҳ таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 21.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷашни қадимии мардуми мо- Наврӯз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун иди бедории табиату фасли баҳор бо ҳама расму ойин ва суннатҳои деринааш дар Тоҷикистон шукӯҳу тантанаи бештар пайдо кардааст. Ин нуктаро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар ҷаласаи тантанавӣ ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки роҳбарият ва кормандони бонк зикр намуд, хабар доданд аз ниҳоди мазкур ба АМИТ «Ховар».
Ҳоким Холиқзода аҳли нишастро бо фаро расидани ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик намуда, гуфт, ки эҳёи дубораи ин ҷашни мардумӣ дар замони соҳибистиқлолии кишвар ба талошҳои Пешвои миллат ба хотири дӯстию бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва пос доштани хотираи неки гузаштагон рабт дорад.
«Миллати тоҷик дар роҳи расидан ба армонҳо ва ҳадафҳои ҳазорсолаи наврӯзӣ дар атрофи Пешвои худ муттаҳид гардид, ки ин муҳимтарин омил барои барқарории сулҳу субот ва оғози амалҳои созанда дар кишвар мебошад. Гузашта аз ин 18 феврали соли 2010 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси ҷашни байналмилалӣ эълон кардани Наврӯз қатънома қабул кард ва ҷашни фархундаи Наврӯз ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфт ва акнун дар саросари олам ҷашн гирифта мешавад», зикр намуд Ҳоким Холиқзода.
Зикр шуд, ки ҷашни Наврӯз ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҳамдигар пайванданд. Чунки маҳз Пешвои бохиради мо бо мардуми тамаддунофари тоҷик ба расму ойини наврӯзӣ, ки бахшидани гуноҳ ва дур афкандани кинаву адоват мебошад, пайравӣ карданд ва сулҳу ваҳдати миллӣ дар сарзаминамон пойдор гашт. Маҳз ваҳдати миллӣ буд, ки Наврӯзи оламафрӯз бо ин ҳама шукӯҳу шаҳомат дар сарзамини мо имрӯз бо риояи тамоми суннатҳояш таҷлил мегардад.


Дар ҷаласаи тантанавӣ инчунин доир ба таърихи пайдоиш ва анъанаҳои неки ин ҷашни аҷдодӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Дар идомаи ҷамъомади тантанавӣ ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ оид ба шоҳмот, шашка ва тенниси рӯи миз, ки бо иқдоми Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони БМТ 16-19 марти соли 2022 бахшида ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон байни воҳидҳои сохторӣ баргузор карда шуд, эълон гардиданд. Ғолибони озмун аз ҷониби Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо Ҷом, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
АКСҲО: Бонки миллии Тоҷикистон








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






