Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор шуд

Март 15, 2022 12:08

ДУШАНБЕ, 15.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 март  дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Аъзои Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 26 масъала, аз ҷумла Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираҳои генетикӣ» ва «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ», якчанд қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе қонунҳои амалкунанда, инчунин лоиҳаҳои қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикистон оид ба иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои ШаҳринавуЛахш ва оид ба ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.


Ҳамзамон дар ҷаласаи Шӯро натиҷаҳои иҷрои қарорҳои Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2021 «Оид ба тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ дар мавзӯи «Вазъи хизматрасонии тиббӣ ва риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тандурустӣ» ва «Оид ба тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ дар мавзӯи «Асосҳои ташкиливу ҳуқуқии таъмини рақобати солим ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо» баррасӣ карда шуданд.

Аз натиҷаи баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

 

АКС: ММ МО ҶТ

Март 15, 2022 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд