Дар маҳаллаи 61-и шаҳри Душанбе маркази савдои «bi1» бо ранги нав ба фаъолият оғоз кард
ДУШАНБЕ, 04.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҳаллаи 61-уми ноҳияи Фирдавсии пойтахт маркази тиҷоратии «bi1» дубора бо ранги нав ба фаъолият оғоз намуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ “Ховар”.
Дар маросими ифтитоҳи бинои мағоза намояндагони ҶСП “Шивер Тоҷикистон” ва Раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ, инчунин меҳмонону сокинон иштирок намуданд.
Зикр шуд, ки мағоза 24 соат фаъолият намуда, ба мизоҷон маҳсулоти худро бо нархи дастрас ва аз ҷиҳати экологӣ тоза пешниҳод менамояд.
ҶДММ “Шивер Тоҷикистон” дар мамлакат дар пешрафти соҳаи савдо саҳми арзанда гузошта, ҳамчунин барои таъмин намудани ҷойҳои корӣ ва музди маоши хуб саҳми арзанда мегузорад.


Мавриди зикр аст, ки қариб ҳар моҳ дар ҳама гӯшаву канори пойтахт супермаркети «bi1» ба фаъолият оғоз менамояд.
Бо даъвати соҳибкорони ватанӣ роҳбарияти ширкати фаронсавии “Шивер Интернейшнл” Гипермаркети нахустини “Ашан”-ро дар Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ намуд, ки алҳол фаъолият дорад. Мағозаи “bi1” яке аз шохаҳои ин гипермаркет мебошад.
Дар ҶСП “Шивер Тоҷикистон” аз оғози ифтитоҳ 331 корманд фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 115 нафар занон ва духтарон мебошанд. Инчунин 3 нафарашон мутахассисони хориҷиянд, ки бо мақсади омӯзонидани кормандони маҳаллӣ омадаанд.
Дар ширкати мазкур Академияи Шивер ташкил шудааст, ки кормандон дар он малакаи баланди касбӣ, муомилаву муошират бо мизоҷон, услуби корбарӣ омӯхта, соҳиби сертификат мегарданд.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






