Дар ноҳияи Ашт мактаб ба номи Баҳриддин Камолиддинов гузошта шуд

Март 24, 2022 09:29

ДУШАНБЕ, 24.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Чанде қабл дар саҳни бинои муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии №37-и Ҷамоати деҳоти Шодобаи ноҳияи Ашт маросими номгузорӣ ва бардоштани парда аз лавҳаи Арбоби шоистаи илму техника, Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон ва Корманди шоистаи Тоҷикистон Баҳриддин Камолиддинов баргузор гардид, хабар доданд  дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ба АМИТ «Ховар».

Дар ҳамоиш Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода, роҳбарони сохторҳои марбутаи соҳавӣ, сарварони муассисаҳои таълимӣ, роҳбарияти Ҷамоати деҳоти Шодоба, ҳамкасбон, шогирдон, хешону пайвандон ширкат варзиданд.

Баъд аз ифтитоҳи лавҳа раиси ноҳия иброз дошт, ки «дар арафаи таҷлили ҷашнҳои бузургу таърихӣ, дар ин рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузории маросими номгузорӣ ва гузоштани лавҳа дар ин боргоҳи илму маърифат ба номи Арбоби шоистаи илму техника, Аълочии маориф ва Корманди шоистаи Тоҷикистон Баҳриддин Камолиддинов барои мо ва тамоми ҳамдиёрон шарафу ифтихор мебошад. Барои мо, сокинони ноҳияи Ашт ифтихори бузург аст, ки чунин инсони барӯманд, ватандӯст, забондон фахри тамоми миллати тоҷик зодаи диёри мо мебошад. Мо бояд номи неки он касро доимӣ дар қалбу фаъолиятамон абадӣ зинда нигоҳ дорем».

Зикр гардид, ки саҳми устоди барӯманду олими муътабар Баҳриддин Камолиддинов дар тарбияи шогирдон, олимони соҳаи филологияи тоҷик назаррасу шоиста аст. Устод дар фаъолияти корӣ ҳамчун олими забоншинос зиёда аз 260 мақола, асарҳои илмию методӣ, китобҳои дарсӣ, асари сеҷилдаи «Грамматикаи забони тоҷикӣ» ва даҳҳо рисолаҳои дигарро оид ба такмили забони тоҷикӣ эҷод намудааст.

Баҳриддин Камолиддинов зимни  қабули «Қонуни забони давлатӣ» ба сифати узви комиссия дар радио, телевизион ва рӯзномаю маҷаллаҳо пайваста сухан гуфта, дар қабули қонун саҳми беназир дорад.

Фарзанди устод Фаридун Камолиддинов дар бораи хислатҳои нотакрори устод, ватандӯстӣ, ватанпарварӣ, меҳнати софдилона барои бунёди забони ноби тоҷикӣ, эҷоди силсилаасарҳо, китобҳои услубшиносӣ ва такмили забони давлатӣ, хусусияти серталабӣ, инсондӯстию меҳрубониҳои падар ва дигар ёддоштҳояш сухан гуфт.

Ёдовар мешавем, ки чанд муддат пеш дар Ҷамоати деҳоти Понғоз, дар маҳаллаи зисти устод кӯчаи марказӣ ба номи Баҳриддин Камолиддинов гузошта шуд.

 

АКСҲО: МИҲД н. Ашт

Март 24, 2022 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Пагоҳ дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имсол Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон, Давлати Қатар, Беларус ва Қирғизистон доир гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент бино ва синфхонаҳои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
250 кӯдак дар «Чангоб» ба истироҳат фаро гирифта шуданд