Дар ноҳияи Фирдавсӣ таҳти унвони «Нақши занон дар ташаккули давлати тоҷикон» ҳамоиш доир гардид

Март 5, 2022 08:41

ДУШАНБЕ, 05.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 4 март бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ бахшида ба Рӯзи Модар мизи мудаввар таҳти унвони «Нақши занон дар ташаккули давлати тоҷикон» баргузор гардид. Дар ин бора мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ  Муслим Усмонзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Дар ҳамоиш раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён, муовини Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Саодат Шукурова, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳуснигул Одиназода, шоираи халқии Тоҷикистон Меҳринисо Бобобекова, мушовири Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Марҳабо Латифзода, шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб ва бонувони фаъол иштирок намуданд.

Абдураҳим Шоҳиён ҳозиринро ба Рӯзи зан-модар табрику таҳният намуда, зикр кард, ки саҳми босазои занону бонувон дар рушди устувор ва пойдории давлат назаррас аст.

Дар идомаи ҳамоиш иштирокчиён атрофи «Нақши занон дар ташаккули давлати тоҷикон» суханронӣ намуданд. Аз ҷумла Меҳринисо Бобобекова тазаккур дод, ки «модар воқеан нахустустоди башарият аст ва фарзанд каломи аввалинро аз ӯ меомӯзад. Ҳар модаре, ки соҳиби саводу дониш аст, фарзанди ӯ ҳам босаводу хушахлоқ ба воя мерасад. Ҳатто сатҳи забондонии фарзанд аз сатҳи забондонии модар вобаста аст, зеро халқ беҳуда нагуфтааст, ки «Нотиқ он кас шуд, ки аз модар шунид»,- иброз дошт М. Бобоекова.

Ҳамзамон Муҳаммад Ғоиб оид ба васфи зан-модар ҳамчун олиҳа ва гавҳари бебаҳо ибрози андеша намуда, аз эҷодиёти худ вобаста ба мақоми зан-модар баҳри ҳозирин шеърҳо қироат кард.

Дар интиҳо занону бонувони собиқадор ва фаъоли ҲХДТ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардонида шуданд.

 

АКСҲО: КИ ҲХДТ

Март 5, 2022 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид