Дар шаҳри Кӯлоб туйи 35 ҷуфт ҷавонон ва хатнасури 230 нафар писарбача аз оилаҳои ниёзманд баргузор шуд

Март 25, 2022 08:45

ДУШАНБЕ, 25.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 23 март бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ташабуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва шахсони саховатпеша туйи домодию арӯсии 35 ҷуфт ҷавонон ва хатнасури 230 нафар писарбача аз оилаҳои ниёзманд барпо  шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.

Ба ин оилаҳо ҷиҳози рӯзгор, аз қабили телевизор, яхдон ва маблағҳои пулӣ тақдим гардида, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ақди никоҳ супорида шуд.

Тӯйи домодию арӯсии ин ҷавонони хуштолеъ идомаи дастгирии оилаҳои ниёзманд ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии онҳо буда, ин амали шоиста аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб минбад низ идома дода мешавад.

АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Март 25, 2022 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад