«ДУШАНБЕИ АФСОНАВӢ». Тавассути ин хатсайр хонандагон аз мавзеъҳои ҷолиби пойтахт боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 07.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо оғози фасли баҳор, ки мавсими сайру саёҳат аст, ширкати сайёҳии «Шумон тур» дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав барои як гурӯҳ муҳассилини муассисаҳои таълимии ноҳияи Шаҳринав сайёҳати таърихию фарҳангӣ тавассути хатсайри «Душанбеи афсонавӣ» роҳандозӣ намуданд.
Ҳадафи роҳандозии ин хастсайрро масъулин муаррифии ҳарчи бештари мавзеъҳои таърихию бостонӣ ва фарҳангию фароғатии пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе унвон намуданд. Тавассути хатсайри мазкур хонандагон аз таъриху ташаккули давлатдории тоҷикон, бахусус дирӯзу имрӯзи шаҳри Душанбе огоҳӣ пайдо намуданд.
Хонандагон аз мавзеъҳои ҷолиби таваҷҷуҳи пойтахт Муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ, боғҳои Нишон, Парчам, Ҷавонон, ҳайвонот ва Осорхонаи миллӣ, боздид намуда, бо таърихи гузашта ва муосири миллати тоҷик ва рушду пешрафти чашмраси шаҳри Душанбе шинос гардиданд.



Мавриди зикр аст, ки чунин силсиласафарҳо бо иқдоми ширкати сайёҳии «Шумон тур» дар фасли баҳор ва ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба дигар гӯшаву канори кишвар идома меёбад. Роҳандозии иқдом боиси он мешавад, ки сайёҳии дохилӣ бештару беҳтар рушд ёбад ва имконияту зарфияти соҳа муаррифӣ гарданд.
Ташкили хатсайри «Душанбеи афсонавӣ» барои хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаву олии ҷумҳурӣ ташкил шуда, он дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати мамлакат ҷиҳати тарғибу ташвиқ ва муаррифии зарфияти сайёҳии кишвар равона шудааст.
АКСҲО: Аз манбаъҳои боз ва ширкати «Шумон-тур»








Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд






