ИҚДОМИ ШОИСТА. Дар Мактаб-интернати №1-и шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиши идона доир шуд

Март 7, 2022 19:52

ДУШАНБЕ, 07.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳр ва иқдомҳои хайрхоҳонаи соҳибкор, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти  маҳдуди «Сарманзил», узви фаъоли ҲХДТ ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов ба муносибати Рӯзи Модар дар Мактаб-интернати №1-и пойтахт ҳамоиши идона баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Муовини Раиси шаҳри Душанбе  Дилбар Одилзода тарбиятгирандагону омӯзгорон ва парасторони 9 муассисаи соҳаи маорифро ба муносибати Рӯзи Модар таҳният намуда, зикр кард, ки  ғамхориву дастгирӣ ва таъмини зиндагии шоиста барои кӯдакони ятиму маъюб ва бепарастор яке аз самтҳои афзалиятноки  фаъолияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

«Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, талош меварзанд, ки тамоми шароитро  барои таълиму тарбияи хонандагони мактаб-интернатҳои пойтахт ва омӯзгорону парасторони онҳо  фароҳам оварда шавад»,- тазаккур дод ӯ.


Дар ин муассиса барои 353 нафар хонандагону омӯзгорони мактаб-интернатҳои №1, 2, 3, 4,  хонаи кӯдакони №1 ва кӯдакистонҳои 42, 50  дастурхони идона ороста шуда, аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳр ва роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти  маҳдуди «Сарманзил», узви ҲХДТ ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов  ба онҳо туҳфаҳои моливу пулӣ тақдим гардиданд.


Дар охир барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки сарояндагони маъруфи ҷумҳурӣ намоиш дода шуд, ки боиси шодию нишот ва дилхӯшии тарбиятгирандагону омӯзгорон гардид.


Бояд тазаккур дод, ки аз ҷониби узви фаъоли ҲХДТ ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов дар арафаи Рӯзи Модар ба 370 нафар афсарзанони Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дастархона идона ороста ва туҳфаҳо тақдим карда шуданд.


Ёдовар мешавем, ки 1 сентябри соли 2021  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои хобгоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии Мактаб-интернати рақами 1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.


Бинои хобгоҳ барои 375 нафар дар асоси дастуру роҳнамоиҳои бевоситаи Сарвари давлат бо иқдоми соҳибкори ватанӣ, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сарманзил” Маҳмудҷон Муродов ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ ба талаботи муосир сохта шудааст.

Иншооти навбунёд аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати 1 гектар замин қомат афрохтааст. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи апрели соли 2019 дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе оғоз гардида, дар муҳлати муайянгардида бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонда шуд.

Бинои хобгоҳ аз 45 ҳуҷраи хоб, ҳуҷраҳо барои мураббиён, мудир, посбон ва дигар утоқҳои ёрирасон иборат буда, бо тамоми шароити зарурӣ таъмин мебошанд. Иншоот ҳамзамон дорои лифти замонавӣ аст.

Дар ҳар як ҳуҷраи хобгоҳ барои бошандагон рахтҳои хоб, ҷойи шустушӯи бадан ва дигар шароити лозима муҳайё буда, бино бо тамоми қоидаҳои бехатарӣ, аз ҷумла, камераҳои назоратӣ таъмин мебошад. Хобгоҳ дорои нуқтаи махсуси гармидиҳӣ мебошад, ки дар фасли зимистон гармии тамоми ҳуҷраҳоро таъмин мекунад.

 

София ШОИК,
Рустам ҶАМИЛЗОДА,
Тоҳир САИД,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Март 7, 2022 19:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию сайёҳии минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) иштирок намуданд
Раиси шаҳри Душанбе бо Раиси шаҳри Шероз мулоқот намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо дастовардҳои сокинони вилояти Суғд шинос шуданд
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳии шаҳри Ваҳдат ва дараи Ромит шинос гардиданд
Олимпиадаи даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» доир гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Душанбе беш аз 6500 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Кормандони мақомоти шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳри Норак шинос шуданд
Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Дар Душанбе 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад