Имрӯз ҷаласаи дуюми Шӯрои рушди тиҷорати электронӣ баргузор шуд

Март 11, 2022 16:22

ДУШАНБЕ, 11.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи дуюми Шӯрои рушди тиҷорати электронии назди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он  муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Манзура Рустамова, муовини сардори Раёсати иқтисодии намояндагии USAID дар Тоҷикистон Мэт Куртис, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони вазорату идораҳои манфиатдор дар соҳаи молия, нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав иштирок намуданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Манзура Рустамова бобати бо суръати баланд рушд кардани тиҷорати электронӣ дар саросари ҷаҳон зикр намуд, ки айни замон дар Тоҷикистон якчанд санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар ин соҳа қабул шудаанд.

Илова бар ин оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои электронӣ» расмиёти дохилӣ идома дошта, лоиҳаи Стратегияи миллии рушди тиҷорати электронӣ таҳия карда шудааст. «Тиҷорати электронӣ дар саросари ҷаҳон бо суръати баланд рушд мекунад ва ба гуфтаи коршиносон, боз ҳам тезтар рушд хоҳад кард. Соли сипаригардида ҳамзамон ҷаласаи нахустини Шӯрои рушди тичорати электрониро баргузор намудем, ки он ба минбари муҳими муколамавии ҷамъиятӣ  табдил ёфтааст. Дар чаҳорчӯби ҷаласаи аввал Нақшаи кори Шӯро барои солҳои 2021-2022 қабул гардид. Имрӯз метавон гуфт, вазифаҳое, ки дар ин нақша пешбинӣ шуда буданд, тадриҷан амалӣ мешаванд ва ин дар навбати худ ба рушди тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад», — афзуд М.Рустамова.

Ба гуфтаи муовини сардори Раёсати иқтисодии намояндагии USAID дар Тоҷикистон Мэт Куртис экосистема дар Тоҷикистон ҳанӯз дар марҳилаи аввали рушди худ қарор дорад. «Мо бояд заминаи қонунгузориро таҳким бахшида, барои рушди соҳибкорӣ ҳам дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ҳам дар сатҳи маҳаллӣ шароити мусоид фароҳам оварем. Корҳоро оид ба рушди инфрасохтори логистикӣ ва молиявӣ, бахусус дар ноҳияҳои дурдаст идома дода, иқтидор ва рақамикунонии соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон, расонидани афзалият ба аҳолӣ ва ба аҳолӣ омӯзонидани тиҷорати электрониро бояд ба роҳ монем», — изҳор дошт ӯ.

Дар ҷараёни вохӯрӣ натиҷаҳои таҳлил оид ба вазъи тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон ва тавсияҳо оид ба рушди он дар мавзӯъҳои «Ҳифзи истеъмолкунандагон ҳамчун шарти асосии рушди тиҷорати электронӣ», «Ҷанбаи пардохти электронии рушди тиҷорат ва раванди ислоҳоти қонунгузорӣ”, “Дастгирии ҳуқуқии тоҷирон дар доираи татбиқи лоиҳаи E-ComSys”, “Нақши миёнаравҳои иттилоотӣ дар ташкили тиҷорати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар мавзӯъҳои вобаста ба он муаррифӣ карда шуданд.

Иштирокчиёни ҳамоиш масъалаҳои рушди тиҷорати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

 

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Март 11, 2022 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Хуросон беш аз 10 ҳазор килограмм пилла месупоранд
Дар Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявии «МегаФон Life бо сабки футбол» оғоз ёфт
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар озмуни вилоятии «Барномасози ҷавон» 34 довталаб аз муассисаҳои таълимии Бадахшон иштирок намуд
Дар ноҳияи Ёвон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор шуд
Бахшида ба 70-солагии таъсиси шаҳри Бӯстон Озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» баргузор гардид
Кирмакпарварони ноҳияи Панҷ беш аз 78 фоизи нақшаи пилласупориро иҷро намуданд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ оғоз гардид