Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар. Бо ҷавонони фаъоли шаҳри Гулистон мулоқоти судманд доир шуд
ДУШАНБЕ, 07.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон бо иштироки таълимгирандагони маҳфилҳои амалкунандаи марказ доир ба дӯст доштани Ватан ва баланд бардоштани ҳувияти миллии наврасону ҷавонон маҳфили сиёсӣ баргузор гардид, хабар доданд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба АМИТ «Ховар».
Дар маҳфил мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, мутахассиси татбиқи забони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев ва директори Муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии шаҳр Эмомалӣ Бобоев иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш зикр гардид, ки ба истифода додани муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таълимгирандагони муассисаҳои таълимии шаҳр имконияти васеи омӯзиши касбу ҳунар ва тақвияти донишҳои замонавиро фароҳам овард.
Марказ дорои тамоми шароити таълим ва касбомӯзӣ мебошад. Роҳбарияти олии кишвар ба ҷавонон таваҷҷуҳи хосса дошта, пайваста ҷиҳати фароҳам овардани шароити хуби таҳсил талош доранд. Раванди ҷаҳонишавӣ моро водор месозад, ки ба омӯхтани илму дониш ва забонҳои хориҷӣ саъй намуда, ба ин васила барои муаррифии кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ заминаи мусоид ба вуҷуд орем ва дар мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуб омода бошем.
Зимни ҳамоиш доир ба пешгирии падидаҳои номатлуб, аз қабили шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ миёни онҳо бо иштирокдорон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Аз хонандагон даъват карда шуд, ки дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», стипендияи Раиси шаҳр ва стипедияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, озмунҳо ва стипендияҳои дигар фаъолона иштирок намоянд ва бо комёбиҳои худ шаҳри Гулистонро дар сатҳи вилоят ва ҷумҳурӣ муаррифӣ намоянд.
АКС: МИҲД н.Гулистон








Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид






