МО БА ХИЗМАТ МЕРАВЕМ! Ҷавонони Шуғнон омодагиашонро барои адои хизмати ҳарбӣ иброз доштанд
ДУШАНБЕ, 28.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 1 апрел дар саросари мамлакат маросими даъвати баҳории ҷавонон оғоз мегардад. Аз ин рӯ ба ҷавонони ноҳияи Шуғнон, ки ба нуқтаи даъвати ҳарбӣ ҳозир шуда буданд, тавсия дода шуд, ки 1 апрели соли ҷорӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуда, аз комиссияи тиббӣ гузаранд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон хабар медиҳад.
25 март зиёда аз 50 нафар ҷавонписарони синни даъватии ноҳияи Шуғнон дар назди бинои комиссариати ҳарбии ноҳия ҳозир шуда, барои ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ рафтан омодагии хешро иброз намуданд.
Раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода бо ҷавонони ҳозиршуда мулоқот намуда, барои чунин иқдоми ҷавонмардонаашон ҷиҳати иҷрои фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” ба онҳо миннадорӣ изҳор намуд.
Мавсуф зикр кард, ки ҷавонписарони синни даъватӣ танҳо пас аз гузаштани комиссияи тиббӣ ва қобили хизмат дониста шудани онҳо аз ҷониби комиссия ба хизмати ҳарбӣ сафарбар карда мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки дар рӯзи аввали даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ маъракаи “Рӯзи даъватшаванда” бо чорабиниҳои мухталифи тантанавӣ ва фарҳангӣ–фароғатӣ доир карда мешавад.
АКС: МИҲД-и н. Шуғнон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






