«МОДАР ГАҲВОРАВУ ОЛАМРО БО ҲАМ МЕПАЙВАНДАД…». Суханҳои шахсиятҳои маъруфи ҷаҳон дар ситоиши Зан — Модар
ДУШАНБЕ, 08.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Зан – Модар фариштаи рӯи замин, зеботарин муъҷизаи дунё, қиматтарин дурдонаи бебаҳо, шабчароғи хонадон, машъалафрӯзи оила ва тароватбахши зиндагӣ аст. Меҳри беҳамтои Модар ба мисли гармии Хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад. Ишқи поки модар ба монанди чашмаҳои пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистон мекунад. Ҳамин аст, ки дар васфи ин олиҳаи зебоӣ бузургони илму адаб суханҳову офаридаҳои зиёде эҷод кардаанд, ки дар зер чанде аз онҳоро пешниҳоди хонандагон мегардонем.
Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем, чун ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост.
Эмомалӣ Раҳмон
***
Зан конуни пурнури хонавода, маркази меҳр, намояндаи ишқ, намоёнгари покӣ, намунаи муҳаббату дӯстӣ ва чашмаи бахшоиш аст.
Иқболи Лоҳурӣ
***
Зан кӯдаке аст, ки бо андак меҳрубонӣ хандон ва бо камтарин бемеҳрӣ гирён мешавад.
Ҳервед
***
Зан паҳлавонест, ки далертарин мардонро дар сахттарин ҳолати хашм ором мекунад.
Ҳеродот
***
Зан шарики зиндагонӣ ва ёри соатҳои дармондагист.
Ҳёте
***
Модари ман ҷисми кӯчаки заифе дошт, аммо чунон бузург буд, ки дар он ғаму нишоти ҳама меғунҷид.
Марк Твен
***
Ҳам он гоҳе, ки модарон фарзандонашонро мебӯсанд ва ҳам он гоҳе ки сарзаниш мекунанд, онҳоро баробар дӯст медоранд.
Перл Бак
***
Бе офтоб гулҳо, бе муҳаббат хушбахтӣ, бе зан ишқ, бе модар инсон вуҷуд надорад.
Максим Горкий
***
Дуои модар аз қаъри баҳр берун меорадат.
Зарбулмасали русӣ
***
Беҳтарин коре, ки падар барои фарзандони худ метавонад кунад, дӯст доштани модари онҳост.
Теодор Хесберг
***
Кӯдакони мо – пирии моянд. Тарбияи дурусти онҳо – пирии хушбахтонаи мо, тарбияи бадашон – ғами ояндаи мо, ашкҳои мо ва гуноҳамон дар назди одамони дигар аст.
Антон Макаренко
***
Зан мураббии инсон аст, аммо на мураббӣ ва муаллиме, ки фақат сухан гӯяд, балки ҳамчун модар тамоми хислатҳои неки инсониро ба кӯдак ба таври табиӣ интиқол медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон
***
Покдоманӣ дар зан монанди шуҷоат дар мард аст, ман аз марди тарcӯ он гуна мутанаффирам, ки аз зани нонаҷиб.
Наполеон Бонопарт
***
Зан ҳамчун шахси фарҳангсозу тарбияткунанда агар худ аз воқеияти ҳаёт ва ҷомеа огоҳу бохабар бошад, фарзандон, аҳли оила ва пайвандони худро тарзе тарбият мекунад, ки онҳо ба самти ҷомеаи пешрафта қадам ниҳанд.
Эмомалӣ Раҳмон
***
Зан ягона вуҷудест, ки ҳақиқати ишқи покро мешиносад.
Шиллер
***
Агар ҳар куҷо марде ёфт шуд, ки ба мақоми баланд расидааст, яқинан зани покдомане ӯро ҳамраҳӣ кардааст.
Шиллер
***
Агар зани зебо гавҳар бошад, пас зани бофазилат канз аст.
Иммануил Кант
***
Модар гаҳвораву оламро бо ҳам мепайвандад, рисолати пурзаҳмати парвариши наслҳоро ба дӯш кашида, бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд.
Эмомалӣ Раҳмон
***
Модар гаронбаҳотарин дороии як миллат аст ва ба андозае арзиш дорад, ки метавон гуфт: ҷомеа замоне ба авҷ мерасад, ки битавонад аз кор ва кирдорҳои модар пуштибонӣ кунад.
Алан Кэй
***
Қалби модар ба андозае густурда ва фарох аст, ки ҳамеша метавонед бахшиш ва гузаштро дар он ёбед.
Оноре де Балзак
***
Як зани зебо ва накӯсурат дар назар зебост, аммо як зани хуб ва некӯсират дар қалби инсон ҷой дорад.
Наполеон Ҳилл
Гирдоваранда
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст






