Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шоҳи Малайзия Султон Абдулло Риъоятуддин Ал-Мустафо Биллоҳ
ДУШАНБЕ, 12.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шоҳи Малайзия муҳтарам Султон Абдулло Риъоятуддин Ал-Мустафо Биллоҳ Шоҳ Ибни ал-Марҳум Султон Ҳоҷӣ Аҳмад Шоҳ ал-Мустаъин Биллоҳ ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Шоҳи Малайзия муҳтарам Султон Абдулло Риъоятуддин Ал-Мустафо Биллоҳ Шоҳ Ибни ал-Марҳум Султон Ҳоҷӣ Аҳмад Шоҳ ал-Мустаъин Биллоҳ омадааст:
«Аълоҳазрат,
Лутфан, табрикоти самимӣ ва таманниёти неки маро ба муносибати 30-солагии барпо намудани робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия бипазиред.
Раванди ҷории мусбати муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди миёни ду кишвар ояндаи талошҳои пайгиронаи муштаракро ҷиҳати густариши минбаъдаи онҳо умедбахш месозад.
Мо омодаем ба мақсади дастрасӣ ба ҳадафҳои созанда ва рушди бештари ҳамкориҳои фарогири ҷавобгӯ ба манфиатҳои мардумони ду кишвар ба муколамаи мунтазами сиёсии миёни кишварҳоямон, аз ҷумла дар сатҳи олӣ, идома диҳем.
Итминон дорам, ки дар роҳи тавсеаи бомароми муносиботи гуногунҷанбаи ду кишвар ва ғанӣ гардонидани мазмуну мундариҷаи онҳо бо натиҷаҳои навини амалӣ азму ирода ва иқдомҳои муштарак натиҷаҳои босамар хоҳанд дод.
Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ба Шумо сиҳатмандии комил, саодати рӯзгору комёбиҳои нав ба нав ва ба мардуми дӯсти Малайзия сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоии устувор орзумандам».
Дар барқияи табрикии Шоҳи Малайзия муҳтарам Султон Абдулло Риъоятуддин Ал-Мустафо Биллоҳ Шоҳ Ибни ал-Марҳум Султон Ҳоҷӣ Аҳмад Шоҳ ал-Мустаъин Биллоҳ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Ба муносибати санаи хотирмони 30-юмин солгарди барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Малайзия ва Тоҷикистон ҳамроҳ бо Малика Раҷа Пермайсурӣ Агонг самимонатарин табрикоти худро ба Ҷаноби Олӣ мерасонем.
Малайзия сатҳи кунунии олии муносибатҳои миёни ду кишварро қадр мекунад.
Мо бар ин боварем, ки ин муносибатҳо ба нафъи кишварҳои мо ва мардумонамон тавсеа ва таҳкими бештар хоҳанд ёфт.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб ба Ҷаноби Олӣ сиҳатмандии комил, хушҳолӣ ва ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу амонии пойдор ва пешрафту шукуфоӣ орзумандем».








Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд






